Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палати поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.
«Баъди хориҷшавӣ Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба шимоли кишвар таъмин намуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», - қайд кард вазир.
Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», - иброз дошт Усмонзода.
Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.
«Имрӯз истеъмолгари асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аҳолӣ аст, - қайд кард вазир. - ТАЛКО шабонарӯзӣ 7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад. Соли оянда ширкати алюминий исеҳсоли маҳсулотрго дучанд афзуданист ва табиист, ки талаботи корхона низ ду баробар меафзояд», - таъкид дошт ӯ.
Ҳамчунин зимнан таъкид шуд, ки аз 283 адад нерӯҳои хурди барқӣ дар кишвар 90-тоаш «умуман кор намекунанд» ва сабабаш дар он аст, ки онҳоро бидуни назардошти воқеияти маҳал сохтаанд.
«Масалан, дар ноҳияи Шаҳринав ду нерӯгоҳи барқии хурд бинобар сабаби камобӣ кор намекунанд, зеро зимистон об тамоман мавҷуд набуда, тобистон он барои бароварда шудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ истифода мешавад», - гуфт вазир.
Ӯ ҳамчунин ба вакилон иттилоъ дод, ки ҳукумат айни замон дар мавриди сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Фон-Яғноб» бо иқтидори 600 мегаватт бо Чин гуфтушунид дорад ва дар сурати бунёди ин марказ, бидуни анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ бисёре аз мушкилоти соҳаи энергетикаи кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста