Таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистонро боз ба арзиши пасти нерӯи барқ дар кишвар ҷалб карданд, ки дар натиҷаи он «Барқи тоҷик» ба мушкили молӣ дучор аст.
«Дар амалисозии фаъолияти худ ширкати «Барқи тоҷик» то ҳол ба норасоии воситаҳои молӣ дучор буда, ин ба тарифҳои паст аз сатҳи ҷуброни хароҷот вобаста аст», - қайд мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон.
Бино ба арзёбии таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, тарифи миёна аз сатҳи ҷуброни хароҷот 45 фоизро ташкил медиҳад.
«Хароҷот барои пардохти қарз ба сатҳи ҷуброни он таъсири назаррас мерасонад, зеро беш аз 90 фоизи қарзҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлат бо асъори хориҷӣ ифода ёфта, беқурбшавии сомонӣ дар соли 2016 ба афзоиши хароҷоти пардохти қарзҳо боис гардид, чунки даромадҳои «Барқи тоҷик» бо сомонӣ ворид шуда, тасҳеҳи тарифҳо бар асоси қурби мубодила гузаронида нашуд», - таъкид мешавад дар гузориш.
Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. Имрӯз аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ қариб 2 сент маблағ пардохт мекунад.
Охири моҳи ноябри соли гузашта Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки тарифҳои нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ бояд «бо гузашти вақт тасҳеҳ шаванд» ва ҳамзамон зарурати ҳалли «масъалаҳои дахлдори иҷтимоӣ» низ ба инобат гирифта шавад.
Ба истилоҳи дигар, бонк ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тадриҷан боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқ ва ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои дастгирӣ аз қишри осебпазири аҳолиро дар ин замина тавсия дод.
Аввали соли равон Бонки осиёгии рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Пешниҳоди БОР аз он иборат буд, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад.
Қобили зикр аст, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли равон тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста