Корхонаи бузургтарини истеҳсоли металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон - корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин мавриди таъмиру навсозӣ қарор дорад.
«Айни замон хати технологии корхона мавриди навсозӣ қарор дошта, бо ин сабаб истеҳсоли металл муваққатан боздошта шуд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» Бахтиёр Шарипов, сардори Раёсати саноати кӯҳӣ-металлургии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти корхона дар соли гузашта муваффақона ҷамъбаст шуда, айни замон дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ нав мешаванд, ки итмоми ин корҳо ояндаи наздик дар назар аст.
Шарипов қайд кард, ки ҳеҷ касе аз кормандони корхонаи «Зарафшон» ба рухсатии бемузд фиристода нашуда, ҳамаи онҳо дар корҳои таъмиру навсозии хати технологии корхона иштирок доранд.
Қобили зикр аст, ки пештар дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи қатъи кори КМ «Зарафшон» ва ба рухсатии бемузд фиристодани коргарони он маълумот интишор гардида, ин гуфтаи корманди вазорат онро рад мекунад.
Зимнан қайд шуд, ки ҳамчунин масъалаи барои корхона дароз кардани муҳлати иҷозатнома доир ба коркарди чор кон - «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское» аз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» дар заминаи Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон, ки соли 1990 ба кор даромад, таъсис ёфта, он замон ашёи хом (консентрат) истеҳсол мекард. Моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ бо ширкати бритониёии «Common wealth and British Minerals, PLC» бо шарти 51:49 корхонаи муштараки «Зарафшон таъсис дода шуда, моҳи январи соли 1996 маҳсулоти заминавии корхона баъди ба истифода додани навбати аввал 2 тонна тиллои тамғаи «Доре»-ро дар як сол ташкил дод.
Соли 2007 саҳмияҳои корхонаро ширкати Zi jin Mining Group Co Ltd.-и Чин харида, дар натиҷа акнун 75 фоизи саҳмияҳо ба ин ширкат ва 25 фоизи он ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд. Корхона аз воҳиду сохторҳои зиёде иборат буда, шумори коргаронаш беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Манбаи ашёи хоми корхона - конҳои «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское», ҳамчунин як қатор конҳои хурди маъданӣ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба шумор рафта, мутахассисони ширкат корҳои иктишофи геологиро дар қитъаҳои ба корхона ҷудошуда идома медиҳанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста