Музди миёнаи номиналии меҳнат дар Тоҷикистон тайи соли охир 10,7 фоиз ё худ ба маблағи 114 сомонӣ афзуд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи ноябри соли 2017 музди миёнаи номиналии меҳнат 1 ҳазору 147 сомонӣ (ҳамин давраи соли 2016 - 1 ҳазору 60 сомонӣ)-ро ташкил дода буд.
Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.
Моҳи ноябри соли гузашта музди меҳнати пасттарин дар соҳаи воқеии иқтисод дар бахшҳои кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал - 523 сомонӣ ва баландтарин - 2 ҳазору 214 сомонӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва коркарди конҳо ба қайд гирифта шуд.
Моҳи ноябри соли 2017 музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисод дар маҷмӯъ 1 ҳазору 437 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2016 - 1,4 баробар зиёдтар аст.
Дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати аз ҳама баландтаринро дар моҳи ноябри соли гузашта кормандони ниҳодҳои миёнаравии молӣ гирифтаанд, ки ба 2 ҳазору 926 сомонӣ баробар аст. Дар маҷмӯъ музди миёнаи меҳнат дар бахши хизматрасонӣ моҳи ноябри соли 2017 - 1 ҳазору 103 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 - 4,2 фоиз зиёд аст.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод изҳор доштааст, ки дар муқоиса бо соли 2016, ҳаҷми ММД ба ҳар як сари аҳолӣ соли 2017 - 12 фоиз афзуда, даромади аҳолӣ 10 фоиз зиёд шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста