Дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 январ роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун - Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста