Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории энергетикӣ соли 2017 ба маблағи 1 млрд. сомонӣ афзуд.
«Қарзи кредитории ширкати «Барқи тоҷик» бидуни созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад», - хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли гузашта сардори Сарраёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки ширкат бидуни назардошти қарзҳои ҷалбшуда 2,7 млрд. сомонӣ қарздор аст.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта қарзи ширкат назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба 763 млн. сомонӣ (соли 2017 - 110 млн. сомонӣ зиёд шуд) расид.
Ҳамчунин «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Ориёнбонк» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ маблағҳои зиёд қарздор мебошад. Аз андозу маблағҳои харидории ангишту дигар навъи сӯзишворӣ низ қарздориҳо мавҷуданд.
Аввали соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» хабар дода буд, ки ҳаҷми қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарздориҳои ширкати «Барқи тоҷик» аз 14,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) зиёдтар шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2026
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон
“Охирин аксе, ки бурд ӯ - акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ
Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд
Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд
“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар
Варзишгарони тоҷик аз “Tashkent Grand Slam 2026” бо як медали тилло ва як нишони биринҷӣ бармегарданд
Аз оғози моҳи Рамазон ва тағйири реҷаи “лимит”, то ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва марги Хоманаӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста