Соли 2017 дар Тоҷикистон оид ба ҳаҷми истеҳсоли тилло рекори нав гузошта шуд - 5,5 тонна.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҳамаи тиллои соли гузашта истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон харидааст.
Бино ба гуфтаи Бобозода, нисбат ба соли 2016 ҳаҷми афзоиши истеҳсоли тилло дар соли 2017 - 11,2 фоизро ташкил додааст.
Вазир қайд кард, ки давоми соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло ба андозаи 20 фоиз ба нақша гирифта шуда, аз ин бармеояд, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 6,6 тонна металли рақами 1 истеҳсол хоҳад шуд.
«Тайи чор соли охир суръати афзоиши истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 фоизро ташкил дод, яъне дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо аз 2 то ба 5,5 тонна расонида шуд», - иброз дошт ӯ.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло - 500 кило ва нуқра - 200 кило зиёд шуд.
Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 7 баробар афзуда мешавад, яъне агар соли 2012 каме бештар аз 2,4 тонна металли №1 истеҳсол шуда бошад, пас соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли онро то ба 16,8 тонна расониданианд.
Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, - таъкид доштанд дар ин ниҳод. - Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».
Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста