Нарху тарифҳо дар бозори истеъмолии Тоҷикистон моҳи аввали соли равон 0,4 фоиз афзуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе - Москва) ба андозаи 82,2 фоиз ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, инчунин, дар ин давра тағйирёбии нисбатан муътадили нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ва коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 0,1 фоиз мушоҳида гардида, аз молҳои ғайрихӯрокворӣ асосан нархи бензин 1,1 фоиз қимат шудааст.
«Коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, асосан аз ҳисоби арзон шудани нархи орди навъи 1 ба андозаи 1,0 фоиз, нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,4 фоиз ба вуқӯъ пайваст», - қайд мешавад дар маълумот.
Зикр мегардад, ки сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи январ ба 6,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба моҳи декабри соли 2017 0,2 банди фоизӣ поён рафт, ки нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муътадил дорад.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли гузашта нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна
Дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ. Ба накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода
“Дар зери чароғакҳо хайр накунед!” Изҳороти Шӯрои уламо дар бораи хайрияе, ки боиси тамбашавии роҳҳо мешавад
Кӣ ва чӣ қадар ба лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад?
Яке дар боздошт, дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ. Ду корманди пулиси Хатлон ба қаллобӣ гумонбар мешаванд
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна
Дар Душанбе кӯдакони бемориҳои дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста