Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба андозаи 3 фоиз боло рафт. Сабикаи 5-грамма имрӯз каме бештар аз 2 ҳазору 70 сомонӣ нарх дорад.
Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 21 феврали соли равон нархи сабикаи тиллои 5-граммӣ дар ҳаҷми 2070, 10 сомонӣ ва нархи фурӯш - 2049,40 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар оғози сол Бонки миллӣ сабикахои дорои чунин вазнро бо арзиши 2010,55 сомонӣ фурӯхта, бо нархи 1990,44 сомонӣ мехарид.
Ҳамин тариқ, аз оғози соли ҷорӣ арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ ба андозаи 2,9 фоиз боло рафтааст.
Ба ҷуз сабикаҳои 5-граммӣ Бонки миллӣ ҳамчунин сабикахои тиллои вазнашон 10, 20, 50 ва 100-граммиро низ мефурӯшад. Нархи фурӯши сабикаи 10-граммӣ аз 1 январ то имрӯз 3 фоиз афзуда, сабикаҳои вазнашон 20, 50 ва 100 граммӣ - 3,1 фоиз зиёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Бонки миллӣ сабикаҳои тиллоиро ба муомилоти озодона баровард. Арзиши фурӯш ва харидории сабикаҳо ҳамарӯза бо пули миллӣ муқаррар мешавад.
Нархи 1 грамми тилло дар сабика ба вазни умумии он вобастагии зиёд дорад. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста