Ҳукумати Ӯзбекистон масъалаи барҳам додани боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳо аз Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
«Дар фурсатҳои наздиктарин ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Айни замон меъёри боҷи иловагӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд, 180 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, маблағи пардохт барои вуруд ва транзити нақлиёти боркаш ва автобусҳое, ки сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро мегузаранд, мисли пешин - 265 доллар боқӣ мемонад.
Бори охир Ӯзбекистон маблаги боҷ барои вуруд ва транзити нақлиёти автомобилии Тоҷикистонро 1 сентябри соли 2016 ба андозаи 52,5 фоиз - аз 118 долар то ба 180 доллар зиёд карда буд.
Қобили зикр аст, ки тариқи роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон нақлиёти автомобилӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави Қазоқистон, Туркманистон ва ҳамчунин Афғонистону Қирғизистон ворид шуда метавонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста