Дар Тоҷикистон Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ тартиб дода мешавад.
Ба ин феҳрист шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ шомил мегарданд, ки ба санҷиши фаъолияти онҳо ба муҳлати ду сол мораторий эълон мешавад.
Шакли Феҳрист ва тартиби пешбурди он дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ маъқул шуморида шуд.

Дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 16 январи соли равон ба муҳлати ду сол ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мораторий эълон карда шуд.
Мувофиқи ин фармон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор руйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамоянд.
Зимни ҷаласаи Шӯро намояндагони Агентии омори назди президенти ҶТ қайд карданд, ки шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба истеҳсоли молу маҳсулот машғуланд, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 151 ҳазору 885 ададро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласаи Шӯро Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва тартиби пешбурди он баррасӣ ва тасдиқ гардида, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарорҳои дахлдори Шӯро қабул карда шуд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор ва Кумитаи андоз вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар иттилоотонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолиро дар сомонаҳои расмии худ ҷойгир намоянд.
Дар навбати худ, мақомоти санҷишӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиддан талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соњибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро риоя намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста