Мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави боркашонии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) моҳи июни соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФБД, директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази JICA Эйчиро Чо зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонии терминали боркашонӣ ва имкониятҳои имрӯзаи Фурудгоҳ аз наздик ошно ва аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Терминали боркашонӣ қаноатмандӣ изҳор намуд.
Гуфта мешавад, сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо шуда, қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он аст.
Қайд мешавад, ки миёни ҳукумати ҶТ Тоҷикистон ва JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» созишномаи грантӣ баста шуд, ки тибқи он Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.
Дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.
Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардида, бар асоси созишнома моҳи майи ҳамин сол баимзорасида байни Ҳукумати ҶТ ва JICA, ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард.
Зикр мегардад, ки моҳи июли соли 2017 миёни ФБД ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳ моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфт. Тибқи нақша Терминал боркашонӣ моҳи июни соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста