Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон доир карда шуда, дар он зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ҳарду давлат иштирок карданд.
«Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барпо гардид, ки барои рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ҳарду мамлакат мусоидат хоҳад кард», — иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид.
Зикр шуд, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат баргузории намоишу ярмаркаҳо нақши муҳим мебозад. «Соли 2017 ду намоиш-ярмаркаи бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардиданд, ки ба муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор такон бахшида, дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам овард», - иброз доштааст Шариф Саид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов изҳор намуд, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор дода, рушди босуботи онро аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар арзёбӣ мекунад.
Дар ин раванд дар давоми як соли охир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун рушд ёфта, дар оянда боз тақвият дода мешаванд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад, ки дар он молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузурги Ӯзбекистон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд санадҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста