Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии корхонаҳои нассоҷӣ ва саноати сабуки Федератсияи Русия имрӯз дар шаҳри Маскав созишномаи ҳамкорӣ имзо мекунанд.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, созишномаи мазкур ба вуруди амиқтари ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат менамояд. Ширкатҳои Тоҷикистон, ба ин восита, ба намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои соҳавӣ дастрасии ягона пайдо намуда, дар симои ширкатҳои русӣ шарикон ва муштариёни нав хоҳанд ёфт.
Созишнома дар чаҳорчӯбаи 50-умин намоишгоҳи “Текстилегпром”, азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ, имзо мегардад. Намоишгоҳи ҷашнӣ аз 20-ум то 23-юми март дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.
Омодагии ҳайъати Тоҷикистон ба ин намоишгоҳ ва иштирок дар он бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имконпазир гаштааст.
Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Меҳровар” аз шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Ортекс” аз шаҳри Хуҷанд, ва “Сумайя” аз ноҳияи Лахш. Намояндаи ширкати консалтингии «ACT Development Group», шарики маҳаллии МТБ, дар ин намоишнома ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад.
“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад.
Намоишгоҳ ҳамчунин макони шиносоии харидорону истеҳсолкунандагон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон мебошад. Рустам Шодибеков, мудири ширкати консалтингии «ACT Development Group», мегӯяд: “Иштирок дар “Текстиллегпром” ба корхонаҳои Тоҷикистон шонси нодире барои барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ бо шарикони нав ва нигаҳдории равобит бо шарикони қаблӣ буда, ҳамчунин, ба онҳо имкон медиҳад, то таҷҳизоташонро нав бикунанд ва фурӯш ва содироташонро, махсусан ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ, бештар гардонанд.
Дар ҷараёни намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин метавонад тамоюлоти навин дар бозори байнулмилалиро биомӯзад ва ин дониш имкон медиҳад, то корхонаҳои мо дар бозорҳое, ки ҳоло қарор доранд, собиттар рақобатпазир бошанд”.
Файзалӣ Раҷабов, Раиси Раёсати Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Барои нуҳумин бор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд ва ҳамаи ин иштирокҳо бо мусоидати МТБ сурат гирифтааст.
Давоми ин ҳама солҳо, корхонаҳои тоҷик аз ин намоишгоҳ бо қарордодҳои чандмиллиндоллара бо ширкатҳои хориҷӣ баргашта, имиҷи кишварро ба ҳайси кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти хушсифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ баланд бардоштаанд. Интизори таҳкими бештари ҳузури ширкатҳои тоҷик дар бозори Русия мебошем”.
Ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин аз ғурфаҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок намояд.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.
Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ, дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст.
Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.



Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав
Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 34
Чӣ гуна ҳавои гарми моҳи феврал ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ зарар мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2026
“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста