Чанде қабл Вазорати нақлиёти Русия мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро дар бораи аз 5 апрел ба итмом расидани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Хуҷанд - Маскав (3/7) огоҳ кард.

Вазорати нақлиёти Русия ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки то моҳи апрел байни мақомоти марбутаи кишварҳо гуфтушунид гузаронида шавад, то мушкилот атрофи масъалаи парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад.

ВАО-и Русия бо истинод ба вазири нақлиёти ин кишвар Максим Соколов хабар медиҳанд, ки онҳо натиҷаҳои пешниҳодашонро то 5 апрел мунтазир мешаванд, лекин мақомоти Тоҷикистон ба таъхир гузоштани гуфтушунидҳоро дархост кардаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода, Тоҷикистон даъвати намояндагони Русияро ба гуфтушунид танҳо баъди анҷоми «корҳои дохилии тадорукотӣ» дар нақша дорад.

«Таври маълум, дар ин масъала миёни кишварҳо баъзе мушкилот ҷой дорад ва ҷонибҳо мехостанд, ки рӯзҳои 22-23 март вохӯрда, роҳу воситаҳои ҳалли онро баррасӣ кунанд. Вале гап сари он аст, ки раҳбарияти Агентии авиатсияи граждании аввали моҳи феврал ба вазифаҳо таъин шуданд ва то ҳол дар корхонаи мо расмиёти тадорукотӣ (ташкили кор) ҷараён дорад, - қайд кардааст Набизода. - Аз ин рӯ, мо алҳол ба вохӯрӣ омода набуда, дар фурсати наздиктарин ҳамтоҳои русиягии худро огоҳ мекунем».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.