Баъди музокироти мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда дар парвозҳои ҳарду ҷониб комилан аз байн бардошта шуданд.
Бино ба маълумоти ТАСС, ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои таъйиншударо дар ҳаҷми на камтар аз ҷадвали парвозҳои мавсими зимистони солҳои 2017-2018 пурра тасдиқ намуданд.
«Ғайр аз ин, дар ҷадвали хатсайрҳои мавсими тобистон боз 4 хатсайри нав: Перм - Душанбе, Жуковский - Кӯлоб, Челябинск - Хуҷанд ва Краснодар - Хуҷанд илова мешавад», - омадааст дар маълумот.
Дар Вазорати нақлиёти Русия қайд кардаанд, ки ҳайатҳо оид ба тадбирҳои минбаъда дар самти рушди алоқаи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки маҳдудиятҳои қаблан эълоншуда низ ҷорӣ нахоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти авиатсионии Русия ният доштанд, ки аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвози ширкатҳои Somon Air ва Tajik Air-ро аз Душанбе ба Маскав ва Новосибирск ва ҳамчунин аз Хуҷанд ба Новосибирск бозхонд кунанд.
Қаблан ба парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» аз Перм ба Душанбе, аз Краснодар ба Хуҷанд, аз Челябинск ба Душанбе ва аз Жуковский ба Кӯлоб иҷоза нашуд. Айни замон парвозҳо бо ин самтҳоро ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо анҷом намедиҳад.
Дар навбати худ Вазорати нақлиёти Русия парвозҳои Somon Air-ро аз Душанбе ба Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Краснодар, Красноярск, Петербург, Сочи ва аз Хуҷанд ба Қазон ва Санкт-Петербург манъ кард.
Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвози чор ширкати русиягӣ - "Уралские авиалинии", "ЮТэйр", S7 ва "Северний ветер"-ро ба Душанбе ва Хуҷанд бозхонд кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста