Ширкати TK Mobile моҳи феврал ба муштариёни худ смс-паёмак фиристода, онҳоро огоҳ намуд, ки дигар тавозуни пулии худро пур накунанд. Моҳи март алоқаи 10 ҳазор нафар муштариён қатъ шуд.
Дар худи ширкат ба собиқ муштариён тавсия медиҳанд, ки сим-кортҳои нави дигар ширкатҳои мобилиро харидорӣ намоянд.
Ба гуфтаи муовини директори TK Mobile Нурмад Шукуров, ширкат ба корхонаи асосии худ - ZTE қарздор шудааст.
«Ширкати ZTE-и Чин барои мо - филиали тоҷикистонӣ таҷҳизот харида, лекин дар натиҷа мо қарзҳоро баргардонида натавонистем. Дар ин робита ZTE бо талаби муфлис эълон кардани ширкат ба Суди иқтисодӣ даъво пеш овард», - иброз дошт вай.
Номбурда зикр кард, ки TK Mobile пул надорад, то ки қарзаҳоро баргардонад, лекин дар бораи маблағи қарз маълумот надод.
«Аз ин рӯ, ягона коре, ки мо карда метавонем, худро бо қарори Суди иқтисодӣ муфлис эълон кардан аст», - илова намуд Шукуров.
Ёдрас мекунем, ки TK Mobile дар бахши хизматузории телекоммуникатсионӣ бо стандарти CDMA2000 фаъолият намуда, соли 2004 таъсис ёфта буд. Ширкат дар заминаи гуфтушунид ва ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия байни Вазорати алоқаи Тоҷикистон ва Корпоратсияи телекоммуникатсионии ZTE-и Чин боз шуда, 51%-и саҳмияҳои ширкат ба ҷониби Чин ва 49% - ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста