Ширкати ТВЕА-и Чин барои коркарди кони дуюми тилло дар вилояти Суғд иҷозатнома гирифт.
Ҳуқуқи истифода аз конҳо ба ширкати чинӣ ба он хотир дода шудааст, ки пулҳои дар бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) Душанбе-2 харҷкардаашро баргардонад.
«Иҷозатномаи коркарди кони «Кумарғи Боло» ба ширкати ТВЕА аввали соли равон дода шуд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон.
Қаблан ин ширкат ба коркарди захираҳои кони «Дуоба» дастрасӣ пайдо намуда буд. Ин конҳои тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъанд.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созиши ҳосилшуда, ширкат ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз ин конҳо то замоне ҳуқуқ хоҳад дошт, ки пулҳои ба сохтмони МБГ Душанбе-2 харҷкардаашро ҷуброн кунад.
«Сипас имзои қарордоди нав бо ширкат дар мавриди истифодаи ин конҳо аллакай бо шартҳои дигар дар нақша аст», - илова кард сарчашмаи хабар.
Ширкати ТВЕА соли 2013 барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» иҷозатнома гирифт. Раҳбарияти Саридраи геология он вақт изҳор дошта буданд, ки баъди саҳеҳ кардани захирахои ин конҳо, ҳукумат дар бораи коркарди онҳо қарор қабул мекунад ва аз эҳтимол дур дониста намешуд, ки яке аз ин иҷозатномаҳоро ширкати ТВЕА мегирад.
Тибқи маълумоти ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бадастомада, таркиби тилло дар конҳои «Кумарғи Боло» ва «Дуоба» беш аз 2 грамм дар 1 тонна маъданро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки арзиши умумии МБГ Душанбе-2, ки аз ҷониби ширкати ТВЕА сохта шуд, 349 млн. долларро таашкил медиҳад, ки 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста