Давоми як соли охир Тоҷикистон ҳаҷми содироти сементро қариб 2,5 баробар зиёд кард.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои сементбарори кишвар 774 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 348 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, дар ин давра 322 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2017 - 133 ҳазор тонна) семент ба хориҷи кишвар содиротшудааст, ки 172 ҳазор тонна - ба Ӯзбекистон, 131 ҳазор тонна - ба Афғонистон ва 19 ҳазор тонна - ба Қирғизистон рост меояд.
Ҳаҷми содирот ба Ӯзбекистон 162 ҳазор тонна (афзоиш - 16,3 баробар) ва Қирғизистон - 16,8 ҳазор тонна (афзоиш - 6 баробар) афзуда, ба Афғонистон баръакс 10,6 ҳазор тонна (коҳиш - 8,8%) кам шудааст.
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,0 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,0 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,0 %, “Сементи Тоҷик” 8 % назаррас зикр шудааст.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон тариқи бунёди корхонаҳои муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас зиёд кард. Бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 3,1 миллион тонна ин навъи масолеҳи сохтмон истеҳсол карда шуд.
Айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад, аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста