Тоҷирон аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ба маблағи 104 млн. доллар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд.

Дар ҷараёни кори форум бо иштироки беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон аз Суғду Самарқанд ба маблағи умумии 104 млн. доллар созишномаҳои таҳвили молу хизматгузориҳо ба имзо расиданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Палати савдо ва саноати Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар доираи кори форум ҳамчнуин намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатии ҳарду кишвар ташкил шуда, тоҷирону соҳибкорон дар бораи имконоти сармоягузории ҳамдигар маълумоти муфассал гирифтанд.

Рӯзи 20 апрел бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон гуруҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуд.

Намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд. Ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Ҳайати вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаҳои «СамАвто”, корхонаи истеҳсоли фарфори «Asl Nafis», “DAKA-TEKS”, “Samarkand Euro Asia Tekstile” “Агромир-Самарқанд”, “Агромир боғи”, концсерни «Sharq-Sanoat», корхонаи бофандагии «Sam Antep-Gilam», «JV MAN Auto-Usbekistan» шинос шуда, аз макони қадимаи таърихии шаҳр боздид намуданд.

Дар доираи сафар арбобони санъати Тоҷикистон барномаи консертӣ намоиш дода, байни дастаҳои футболи «Динамо»-и Самарқанд ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯрӣ баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.