Ахиран дар бозори асъори Тоҷикистон доллари ИМА камёфт шуда, онро метавон дар баъзе бонкҳо ва он ҳам ба миқдори начандон зиёд ба даст овард.
Аз оғози даҳаи дуюми моҳи апрел баъди босуръат беқурбшавии рублиРусия бар асари таҳримҳои ҷорикардаи ИМА қурби доллар нисбати сомонӣ қариб 1 фоиз боло рафт.
Қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршудаи 1 доллар нисбати сомонӣ имрӯз 8,8847 сомониро ташкил медод. Санаи 9 апрел он ба 8,8280 баробар буд.
Илова бар ин, дарёфти доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ ахиран мушкил шудааст: дар аксари бонкҳо ба як даст танҳо то 200 доллар маблағ дода, дар баъзе бонкҳои дигар умуман доллар намефурӯшанд.
Дар бонкҳо мегӯянд, бо сабаби вақтҳои охир аз мизоҷон кам ворид шудани ин асъор ба бонкҳо, доллар каамёфт шудааст.
«Мо долларҳои аз мизоҷон гирифтаамонро медиҳем. Чӣ қадре, ки одамон дар мо камтар долларро ба сомонӣ иваз кунанд, ҳамин қадр мо ҳам доллар пешниҳод карда метавонем», - гуфтанд дар яке аз марказҳои бонкӣ.
Чанде аз коршиносон дар ин робита изҳор намуданд, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба ватан асосан рубл ва ба миқдори начандон зиёд доллар мефиристанд, вале аз соли 2016ҳамаи бонкҳо маблағҳои бо рубли русӣ воридшударо бо сомонӣ медиҳанд.
«Яъне ҳамаи рублҳои воридшуда дар бонкҳои кишвар ҷамъ шуда, минбаъд ба ивази доллар ба бонкҳои Русия баргардонида мешаванд. Ҳамин тариқ, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати доллар камтар бошад, ҳамин қадр бонкҳои Тоҷикистон камтар доллар ба даст оварда метавонанд», - мегӯяд иқтисодчӣ Саид Назиров.
Шореҳи соҳаи молия Баҳром Каримов камбуди доллар дар Тоҷикистонро мавсимӣ унвон карда зикр намуд, ки дар ин давра норасоии доллар эҳсос мешавад, зеро он ба кишвар асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ворид шуда, афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон маъмулан нимаи дуюми сол оғоз мегардад.
Ғайр аз ин, изҳор намуд номбурда, ба Тоҷикистон баҳору тобистон бештар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот, ки боз яке аз сарчашмаи дарёфти асъор аст, охири тобистон ба зиёдшавӣ шурӯъ мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста