Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) камбуди доллари амрикоӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳуриро падидаи мавсимӣ унвон мекунад. Болоравии қурби доллар нисбати сомониро дар БМТ ба поинравии қурби рубли русӣ бар асари таҳримҳои ахири Ғарб зидди Русия нисбат медиҳанд.
«Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад», - қайд мешавад дар маълумоти БМТ.
Болоравии қурби доллари ИМА нимаи дуюми моҳи апрел ба яку якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА дар ин рӯзҳо (то 11,2 фоиз) дар партави таҳримҳои нави кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия рабт дода мешавад.
«Аз эътидол берун паст рафтани қурби рубли русӣ вақтҳои охир ба бозори асъори Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд», - таъкид мекунанд дар Бонки миллӣ.
Гуфта мешавад, моҳҳoи январ-апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА устувор боқӣ монда, ҳамагӣ 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2017 коҳишёбӣ ба 7,6 фоиз баробар буд).
Айни замон, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ 3,1 фоиз, асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст (дар ҳамин давраи соли 2017 баландшавӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).
Таъкид мешавад, ки санаи 26 апрел фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозори ғайрирасмӣ ба 3,2 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2017 ба 4,6 фоиз) баробар шудааст.
«Бо назардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, раванди имрӯзаи ноустувории қурби пули миллӣ қӯтоҳмуҳлат арзёбӣ гардида, бо барқароршудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо назардошти имкониятҳои мавҷудбудаи Бонки миллии Тоҷикистон (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ), бартараф хоҳад шуд», - қайд мешавад дар маълумот.
Қобили зикр аст, ки дарёфти доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ ахиран мушкил шудааст: дар аксари бонкҳо ба як даст танҳо то 200 доллар маблағ дода, дар баъзе бонкҳои дигар умуман доллар намефурӯшанд. Дар бонкҳо мегӯянд, бо сабаби вақтҳои охир аз мизоҷон кам ворид шудани ин асъор ба бонкҳо, доллар камёфт шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста