Дар Тоҷикистон доир ба расмиёти танзими баҳсҳои тиҷоратӣ бо иштироки миёнаравон - медиаторҳо қонунгузорӣ таҳия мешавад.
Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» ҳалли баҳсҳои тиҷоратии бамиёномада байни тоҷирони ватанӣ ва хориҷӣ бидуни муроҷиат ба суд пешбинӣ шудааст.
Гурӯҳи кории иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, ҳамчунин вазорату идораҳои марбута барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳанӯз тобистони соли гузашта таъсис ёфта буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Таҳияи лоиҳаи қонун аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Ташкилоти байнулмилалии ҳуқуқи рушд маблағгузорӣ мешавад.
Дар Палата бар ин назаранд, ки қабули қонун «Дар бораи медиатсия» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷиҳати ҳалли алтернативии баҳсҳо шароит фароҳам оварда, ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, моҳи майи соли 2017 назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Маркази медитатсия ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст.
Айни замон аксари ширкатҳои маъруфи ҷаҳон аз тартиботи медитатсия истифода мебаранд. Масалан, таибқи баъзе маълумот, дар ИМА 97%-и баҳсҳои тиҷоратӣ тариқи ин тартиботи алтернативӣ ҳаллу фасл мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста