Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд рӯзи 9 май дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, меҳмонони форум аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.
Дар форум Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод.
Зимни сафар ба вилояти Суғд соҳибкорони араб бо имконоти сармоягузорӣ дар ноҳияи Айнӣ шинос шуданд. Ҳамзамон онҳо аз шаҳри Истаравшан ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», маҷмааи миллии «Оши палов», маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии Истиқлол» ва «Боғи Камоли Хуҷандӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» ва як қатор корхонаҳои истеҳсолии саноатии вилоят боздид намуданд.
Имрӯз бо иштироки доираҳои васеи тоҷирон ва соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе Форуми муштараки сармоягузорӣ доир мегардад.
Давоми солҳои 2007-2017 сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 160,2 млн. доллар маблағгузорӣ кардаанд, ки ҳамаи он ба қарзҳои додашуда ба корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста