Беларус ба Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ривоҷ бахшида, ҳамроҳ корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис диҳанд.
«Баррасии масъалаи ҳамкории минбаъдаро пешниҳод мекунам. Дар соҳаи истеҳсоли шир мо имкони зиёди таъмин бо ашёи хомро дорем. Ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди шири Беларус бо технологияи худамон ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони беларусӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Қазоқистон омодаем», - изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус Леонид Заятс имрӯз дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки Беларус ҳамчунин ба баррасии имкони таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди гӯшти гов, паранда ва минбаъд зери тамғаи ягона роҳ ёфтан ба бозорҳои дигар кишварҳо низ омода аст.
«Мо ҳамчунин ҷиҳати муосидат ба бунёди комплексҳои ширию молӣ бо таҷҳизоти зарурии истеҳсоли Беларус, таъмин бо чорвои хушзот ва ҳамроҳӣ дар роҳандозии технология то баромадан ба иқтидори лоиҳавӣ омодаем», - овардааст БЕЛТА гуфтаҳои вазири Беларусро.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста