Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, имрӯз 18-уми май дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Ширин Қаноат, духтари Муъмин Қаноат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, вазъи саломатии шоир ду рӯзи охир бад шуда, нимаи дуюми имрӯз табибон марги ӯро тасдиқ кардаанд.
«Ману Парвин дар хона ҳастем. Далер дар Канада аст. Чанд муддат пеш ба ватан омада, падарамро нигоҳубинӣ карда рафта буд», - илова кардааст духтари шоир.
Мӯъмин Қаноат рӯзи 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Нахустин шеърҳои худро ҳангоми таҳсил дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ғарм суруда ба рӯзномаи ноҳиявӣ супурдааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм, шоири ҷавон донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ Мӯъмин Қаноат муддати даҳ сол дар маҷаллаи "Шарқи Сурх" фаъолият кард.
Соли 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Академияи улуми Тоҷикистонро сарварӣ дошт. Тайи солҳои 1996-2000 муовини раиси ҳаракати "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.
"Падар", "Мавҷҳои Днепр", "Суруши Сталинград",, "Тоҷикистон - исми ман", "Ситораи Исмат" ва "Масъуднома" аз ҷумлаи достонҳои Мӯъмин Қаноат мебошанд, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.
Достони "Мавҷҳои Днепр" - ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост ва Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони "Оташ" ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида шуда, ҳодисаҳои он дар муборизаи нур алайҳи торикӣ бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди оламӣ нуронӣ аз ҷониби насли нав сурат мегиранд.
Достони машҳури "Суруши Сталинград" -- садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад. Ин достон ба устод Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва соли 1977 барои ин достон ва достони "Тоҷикистон – исми ман" сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Достони "Тоҷикистон – исми ман" дар бедории миллии зиёиёни тоҷик нақши муассир дошт.
Устод Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста