Нимаи моҳи январ беш аз 30 ҳазор нафар омӯзгорони шаҳри Лос-Анҷелеси (ИМА, штати Калифония) гирдиҳамойӣ доир намуда, баланд бардоштани музди меҳнат, кам кардани шумори синфҳо дар мактабҳо, ба кор ҷалб намудани муаллимони иловагӣ ва китобдорон, ҳамчунин эҳтироми нисбатан бештар ба мактабҳои давлатиро тақозо намуданд.

Ин нахустин чунин иқдоми бузурги эътироз тайи сӣ соли охир аст.

Бино ба маълумоти Forbes, дар пайи эътироз байни омӯзгорон ва ҳукуматдорони шаҳр гуфтушунид сурат гирифта, натиҷаҳои муайяне ҳосил шудааст. Сани 24 январ ба гирдиҳамойӣ хотима бахшида шуд.

Қобили зикр аст, ки касби омӯзгор дар ИМА яке аз серталабтарин буда, музди меҳнаташ низ баланд аст. Солҳои 2017-2018 музди меҳнати омӯзгор дар Калифорния то ба 75 ҳазор доллар дар як сол мерасид.

Kaktakto тасмим гирифтааст, ки музди меҳнати моҳонаи омӯзгоронро дар кишварҳои гуногуни дунё муқоиса намояд. Маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон пасттарин аст.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.