Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавриди шарҳи гузориши ширкати мустақили бритониёии «Ernst and Young» оид ба аудити Бонки Миллии Тоҷикистон, ноиби нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки бо сармоягузорон ба соҳаи пахтакорӣ ҳеҷ манфиати молиявӣ надоштааст ва ба ин васила маблағе ҳам ба даст наовардааст.
Собиқ раиси БМТ эътироф кард, ки тартиби маблағгузории хоҷагиҳои пахтакорӣ тавассути қарзҳои Бонки миллиро ӯ таҳия кардааст ва он баҳри дастгирии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, ки он замон шадидан ба маблағ ниёз дошт, роҳандозӣ шудааст. «Аз ҳисоби ин маблағҳо маҷмӯи мушкилоти кулли соҳаи кишоварзӣ ҳал мегардид», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти ӯ, тӯли солҳои 1996-2006 ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млрд. $ маблағгузорӣ сурат гирифта, ин ҷо аслан сари қарзҳои додашуда сухан меравад. «Бо истифода аз ин маблағҳо корҳои барқароркунӣ ба иҷро расида, инчунин корхонаву муассисаҳои дигар низ бунёд гардиданд», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста