Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Феълан малахҳо ба беш аз 27 ҳазор гектар заминҳои ҷумҳурӣ зарар расонида, дар 17 ноҳияи кишвар паҳн шудаанд.
Чӣ тавре ки директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, малах ба ҷуз вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд низ пайдо шудааст. «Айни замон барои мубориза бо паҳншавии малах 17 трактори чангпош (ОВХ), 645 адад чанпошакҳои дастӣ ва ҳудуди 1,5 ҳазор нафар қувваи корӣ сафарбар шуда, 13 ҳазор гектар замини зарардида бо маводи кимиёвӣ коркард шуданд», - гуфт ӯ.
Қ.Ғаниев мегӯяд, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Данғара ва Хуросон 4 ҳазор гектарӣ замин аз ҳамлаи малахҳо зарар дидааст. «Ин нишндиҳанда дар ноҳияҳои тобеи марказ беш аз ҳазор гектар ва дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 20 гектарро ташкил медиҳад», - изҳор дошт ӯ.
Коршиносони соҳа пас аз тадқиқоти беш аз 220 ҳазор гектар замин чунин пешгӯӣ мекунанд, ки ахири моҳи апрел малах дар беш аз 80 ҳазор гектар заминҳои
ҷ
умҳур
ӣ
паҳн шуда метавонад



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста