Мусобиқаи қоравии интихобии олимпии бокс аз сабаби авҷи коронавирус дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин бекор карда шуд.
Дар изҳороти гурӯҳи махсуси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Чин ва шарикон макони нави баргузории мусобиқаро ҷустуҷӯ доранд. Он шояд дар дигар шаҳри Чин, ҳатто дар кишвари дигар баргузор шавад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт.
Рӯзи қабл Конфедератсияи футболи Осиё низ бинобар сабаби паҳн шудани вирус, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расидаанд, макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.
Тибқи иттилои мақомоти Чин, феълан ба коронавирус сироят ёфтани 540 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора ҳар рӯз меафзояд. Ҳолати сироят ёфтани шаҳрвандон дар дигар шаҳрҳои Чин, ҳамчунин Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон сабт шудааст. Ҳолати бақайдгирии сироятёфтагон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика низ рӯй додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшанда барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..." дар бораи қимат фурӯхтани гӯшт
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста