Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ноиби сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест.
Ба гуфтаи М.Алимардон, ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ӯҳдадориҳои соли ҷорӣ ба зимма гирифтаашро дар мавриди транзити нерӯи барқ ва интиқоли барқи Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ иҷро кардааст. «Ӯзбекистон моҳи март ба Тоҷикистон 100 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, транзити нерӯи барқ аз Туркманистонро низ таъмин сохт ва дар навбати худ Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки обанбори нерӯгоҳи Қайроққумро дар сатҳи зарурӣ барои мавсими обёрии соли равон дар Ӯзбекистону Қазоқистон бо об пур намояд», - гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки соли равон дар мавсими обёрӣ ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад.
Ноиби сарвазир мегӯяд, тобистони соли равон масъалаи дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола аз Ӯзбекистон харидани 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва таъмини транзити барқи Туркманистон дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. кВт/соат ҳал хоҳад гардид ва дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте нест ва набояд пайдо гардад.
Ёдрас мекунем, ки зимистони гузашта сарфи назар аз иҷрои муқаррароти шартнома, Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли ҷорӣ транзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро қатъ сохта, танҳо аз 1-уми март онро барқарор кард.



Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026"
"10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт". Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 39
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста