Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Сафарбек Назаров, ки нимаи моҳи март ба президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ба маблағи 65 млн. Евро Маркази барқу гармидиҳӣ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ бунёд месозад, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, моҳи май бо сармоягузорони Русияву Эрон гуфтушунид хоҳад кард ва дар ин мулоқот имзои созишнома дар бораи сохтмони иншооти мазкур дар назар аст. «Шарикони русиягиву эронӣ ҷиҳати бунёди иншооти мазкур 70 дарсади маблағро ихтисос хоҳанд дод ва ман бояд дар муддати 10 сол онро баргардонам», - гуфт ӯ ва афзуд, ки пас аз таҳияи лоиҳа ахири сол шурӯъи корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи С.Назаров, ки директори кони ангишти «Сайёд» дар минтақаи шарқи мамлакат аст, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Марказ аз ангишт чун сӯзишворӣ истифода хоҳад кард ва дар заминаи он корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ низ бунёд карда мешавад.
Дар мавриди иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳӣ номбурда гуфт, он ба 420 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар аст, ки ин ҳаҷм талаботи шаҳри Ваҳдатро (220 млн. кВт/соат) пурра қонеъ хоҳад кард ва нерӯи барқи боқимонда ба ноҳияҳои Файзобод ва шаҳри Душанбе интиқол дода хоҳад шуд. «Иқтидори корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ ба истеҳсоли 35 ҳазор тонна бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар як сол баробар хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, дар марказ ва корхона оянда то 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.



“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста