Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар эҳсос мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад поин рафта, нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,4 дарсад коҳиш ёфтанд. Ҳаҷми воридоти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба миқдори 25 дарсад камтар шуда, мизони таваррум 1,2 дарсадро ташкил додааст.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки даромадҳои нақшавӣ ба буҷаи давлатӣ ба миқдори 84,7 дарсад ба иҷро расида, қисми хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 80 дарсад иҷро шудааст. «Вазъи мазкур бар асари таъсири бӯҳрони молӣ ва коҳиши ҳаҷми содирот ба амал омад», - гуфт ӯ.
Вазири молия таъкид сохт, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1,370 млн. доллари ИМА баробар буда, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24 дарсадро ташкил медиҳад.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста