Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ба маблағи 6 млн. сомонӣ ба Тоҷикистон аз Туркия 300 тонна тухмии хушсифати пунбадонаи навъи «Флора» ва «Кармен» ворид гардид.
Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи пешгӯиҳо, имсол ҳосилнокии ин навъи тухми пунбадона бояд аз 35 то 45 сентнер аз як гектарро ташкил диҳад. «Ҳосилнокии 60 тонна аз ин навъи тухмии пунбадона, ки соли гузашта дар водии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифта буд, 33 сентнер аз як гектарро ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари ворид сохтани тухмӣ, инчунин аз Туркия 15 адад техникаи кишоварзии соҳаи пахтакорӣ оварда шудааст. То имрӯз нақшаи кишти чигит дар ҷумҳурӣ ба андозаи 40 дарсад ба иҷро расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста