Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати молияи ҶТ дар робита ба пешгирии таъсири оқибтҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ҳаҷми қисми хароҷоти буҷаи давлатиро барои соли 2009 ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад.
Дар гузориши чанде қабл интишоргардидаи вазорат дар мавриди андешидани
тадбирҳои марбут ба бӯҳрони молӣ гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми маблағи хароҷот дар соҳаҳои хариди маҳсулот ва хизматрасонӣ, таъмир ва хизматрасонии техникӣ, хизматрасонии бахши алоқа, маблағгузории асосии мутамарказӣ, хариди мол барои афзоиши захираҳо, маблағгузориҳои дохилӣ ва қарздиҳӣ бо назардошти тарҳи ҳисоби маблағи пардохт пешбинӣ мегардад.
Дар гузориш зикр шудааст, ки маблағи хароҷот ба хизматрасонии коммуналӣ (нерӯи барқ ва газ), татбиқи барномаи сармоягузорӣ ба ноҳияҳои кишоварзӣ (бо назардошти қарздиҳии хурд), зиёд кардани шумори марказҳо ва таъсиси марказҳои нави дастгирии муҳоҷирони баргашта ба ватан ва ғайра ба миқдори 60 млн. сомонӣ афзун мегардад.
Ғайр аз ин, ҳаҷми маблағи хароҷоти буҷаи давлатӣ ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷа, пардохти маблағи корфармоҳо, пардохти фоизҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҷудо кардани маблағҳо аз буҷаи марказӣ ба минтақаҳо дар ҳаҷми 98 млн. сомонӣ зиёд карда мешаванд.
Дар навбати худ, қисми даромади буҷаи давлатӣ пас аз тағйири нишондиҳандаҳо дар ҳаҷми 93 млн. сомонӣ коҳиш ёфта, дефитсити буҷаи соли ҷорӣ акнун 533 млн. сомониро ташкил хоҳад дод ва ин дар ҳолест, ки дар буҷаи ахири соли гузашта тасдиқшуда барои соли 2009 ин нишондиҳанда ба 103 млн. сомонӣ баробар буд.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста