Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим изҳор дошт, ки корҳои иктишофиву ҷусутуҷӯӣ, ки аз ҷониби ширкати русиягии ҶСК «Зарубежнефтегаз» дар майдони нафту гази кони «Саргазон» гузаронида шуданд, бентаиҷа анҷом ёфтанд.
А.Иброҳим бар ин назар аст, ки корҳо дар ин майдон бидуни истифода аз фанновариҳои замонавӣ сурат гирифта, аз ин рӯ, натоиҷи он низ қаноатбахш нест. «Мо то ҳанӯз аз захоири воқеии нафту газ дар майдони «Саргазон» огаҳии комил пайдо накардем ва коршиносони русро зарур аст, дубора дар ин кон корҳои иктишофиро бо сифати баланд ба анҷом расонанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон тамоми нерӯву имконоти коршиносони ҶСК «Зарубежнефтегаз» ба иҷрои корҳо дар майдони нафту гази «Сариқамиш»-и ноҳияи Шаҳринав равона гардидааст. «Корҳои иктишофиро дар ин майдон мутахассисони идораи нефтегеофизикаи шаҳри Саратови Русия баргузор месозанд ва мо ҷиҳати истифодаи тарзу усулҳои тоза ва технологияи замонавӣ зимни баргузории корҳо бо онҳо гуфтушунид кардем», - баён дошт А.Иброҳим.
Сардори Сарраёсати геология афзуд, ҳарчанд истифодаи технологияи замонавӣ гарон аст, бо кӯмаки он метавон дақиқан аз захоири майдон маълумот пайдо кард. «Мо боварӣ дорем, ки дар майдони «Сариқамиш» коршиносони рус бо назардошти таҷрибаи пешинаи майдони «Саргазон» аз фанновариҳои ҷадид ва тарзу усулҳои тозаи иктишофӣ пурсаамр истифода хоҳанд бурд», - гуфт вай.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста