Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Хайринисо Юсуфӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ тайи се моҳи соли равон 1 ҳазору 509 оила никоҳи худро бекор кардаанд ва ин шумор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 178 адад зиёд аст. «Сабаби асосии ҷудо гардидани оилаҳо дар барвақт ба шавҳар баромадани духтарон аст», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Х.Юсуфӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии духтарон ва барпо сохтани оилаи оилаи комилу солим кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки синнусоли иҷозати никоҳи духтарон болотар муқаррар карда шавад, зеро аз духтари бомаърифат оянда оилаи бомаърифат низ бунёд мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи се моҳи соли равон дар кишвар тамоили афзоиши бақайдгирии оилаҳои нав ба мушоҳида расидааст. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта 24,2 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин рақам соли равон ба 26,5 ҳазор адад баробар шудааст.