Қӯрғонтеппа. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард. Дар маросими мазкур ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Иззатулло Зоҳиров низ ширкат варзиданд.
Дар суханронии худ бо забони тоҷикӣ сафири Амрико аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ин «гӯшаи амрикоӣ»-ро чун сарчашмаи дастрасии маълумот дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шиносоӣ бо имконоти донишандӯзӣ дар ИМА истифода баранд.
Ба гуфтаи сафир, дар ин гӯша истифодаи ройгон аз шабакаи Интернет, тамошои филмҳо, қироати китоб ва дигар шароити истироҳат дастрас аст. Ҳукуматдорони вилоят ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста