Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, 150 автобуси мусофирбари оғози соли равон аз Русия харидашуда ба тавозуни муассисаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт гузаронида шуд.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 75 автобус ба ихтиёри корхонаи давлатии «Автобус-1», 35 адад ба корхонаи давлатии «Автобус-2» ва 40 автобус ба корхоани давлатии «Автобус-3» дода шуд. «Раиси пойтахт супориш дод, ки нақлиёти мусофирбар аз рӯи таъинот танҳо баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт ба нақлиёти мусофирбар истифода бурда шавад», - гуфт сухангӯи раиси пойтахт.
Ба қавли Ш.Саидов, нисфи автобусҳои дастрасшуда бо газ ва боқимонда бо бензин кор мекунанд. Барои дастрас кардани ин миқдор автобус аз буҷаи шаҳри Душанбе ҳудуди 5 млн. долллари ИМА масраф гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста