10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавриди интишори изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии телевизиону радиои Русия оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев изҳор дошт, ки онҳо дар ин хусус ҳеҷ номаи расмие нагирифтаанд.

С.Алиев мегӯяд, ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз аз ҷониби ширкати телевизиону радиои Русия, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 7 млн. рубли русӣ баробар шудааст, омода аст сари мизи гуфтушунид нишинад.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи телевизиону радиои назди Ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов, ӯ чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии ширкти русиягӣ нома ирсол доштааст, вале ҳеҷ посухе аз онҳо нагирифтааст. «Агар онҳо хоҳони барқароршавии пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар Тоҷикистон бошанд, пас чаро бо мо мустақиман дар тамос намешаванду дар ВАО изҳороти расмӣ интишор месозанд?», - суол медиҳад ӯ.

С.Ҳикматов мегӯяд, гуфтушунид танҳо дар сурати омода будани онҳо барои саривақт пардохтани хизматгузориҳои ҶСК «Телерадиоком» имконпазир аст. «Барои хизматгузориҳо дар моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта ширкати Русия танҳо моҳи феврали соли ҷорӣ бо мо ҳисоббаробарӣ кард ва кумита ба иллати он 133 ҳазор сомонӣ хисорот бардошт», - афзуд ӯ.