Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, зимни баргузории машваратҳо миёни вазоратҳои ду кишвар, ки рӯзи 7-апрел дар шаҳри Бишкек доир гардидааст, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил кардаанд.

Дар ҷараёни машварат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷиҳати тасдиқи вазирон омода сохтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди зерсохтори нақлиёт дар минтақа, афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли нерӯи барқ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Қарор шуд, ки машварати навбатии вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.