Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бо кӯмаки Ҷопон 820 нафар аҳолии деҳаи «Чилдара» заминҳои кишташонро обёрӣ мекунанд.
Чӣ тавре ки аз сафлорати Ҷопондар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи сохтмони канали обёрӣ дар деҳаи «Чилдара»-и ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара
73651 доллари ИМА ҷудо карда шуд.
Обанбор ва канали
Саҳми аҳолӣ дар лоиҳа бисёр муҳим мебошад. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои идора кардани системаи обёрӣ машғул хоҳанд шуд.
Ҳукумати Ҷопон тайи ду соли охир ба сохтмони ҳафт лоиҳаи обёрӣ дар
Тоҷикистон кӯмак расонидааст. Беҳтар намудани системаи обёрӣ самараи ҳосилнокии
заминро махсусан дар чойҳое, ки системаи обёрӣ надоранд, баланд мекунад.
Ноҳияи Тавилдара дар моҳи ҷорӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон
ба иҷрои лоиҳаи мазкур шурӯъ кард. Дар назар гирифта шудааст, ки лоиҳа дар тайи 12
моҳ ба итмом хоҳад расид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста