Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи ситоди сохтмони нерӯгоҳи «Сантӯда-2», ки дар майдони сохтмони он доир гардид, масъалаи ҷараёни сохтмони иншооти асосии нерӯгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чӣ тавре ки сардори раёсати сохтмони асосии Вазоарти энергетика ва саноати ҶТ Хайрулло Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа тамоми маҷмӯи масоили марбут ба амалисозии ин лоиҳаи бузург мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои муассир андешида хоҳанд шуд.