Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” қабул кард.
Мувофиқи ин тағйирот, зимни сабти ному насаби тифлҳо ба истифодаи пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб (фамилия) ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи хонаводагӣ иҷоза дода намешавад.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин амсъала вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён қайд кард, ки намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими кишвар истисно буда, зимни сабти ному насаби тифлҳо метавонанд худашон пасванд ба ному насаби кӯдакро интихоб кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, тағйироту илова танҳо ба кӯдаконе дахл хоҳад дошт, ки пас аз қабули онҳо таваллуд мешаванд.
Бо ин тағйироту иловаҳо дар қатори пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «ёр», «ниё» ва «фар», ба истифодаи пасвандҳои “пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) ҳам иҷоза дода мешавад.
Мақсади аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудани ин тағйироту иловаҳоро вазир “эҳёи номҳои миллӣ” маънидод кард.
Қобили зикр аст, ки қаблан ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода буданд, зимни сабти ному насаби кӯдак аз истифодаи пасвандҳои славянӣ худдорӣ кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Футбол бо як пой. Чӣ гуна Неъматуллои 11-сола ҳамара ба ҳайрат овард?
Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард
Имзои қариб 30 созишнома ба маблағи $3 млрд дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Dushanbe Invest–2025"
Вазири саноат: “Тоҷикистон аввалин кишвари истеҳсолкунандаи литий дар фазои ИДМ хоҳад буд”
Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд. Дар Тоҷикистон шаклҳои нави таҳсил қабул гардид
Боздошти писар бо гумони латукӯб ва куштори падар дар Суғд
Ғалабаи дуввуми тими миллии футболи Тоҷикистон дар муқобили Малдив
Интернети моҳворавӣ дар Тоҷикистон. Хадамоти алоқа бо ширкати “Starlink” созишнома имзо кардааст
Оғози ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулии "Дурахшандагон". Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста