Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Рашид Олимов бахшида ба гул кардани ниҳолҳои зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба мардуми Чин тӯҳфашуда чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои хабаргузории «Казинформ», моҳи мати соли 2006 дар заминҳои хоҷагии санҷишиву селексионии назди Донишгоҳи аграрии шаҳри Пекин маросими шинонидани 125 бех ниҳоли зардолуи навъи «Мирсанҷалӣ» ва «Бобоӣ», ки аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Чин тақдим гардида буд, доир гардид. Имрӯз метавон гуфт, ки ниҳолҳо нашъунамо ёфта, гул кардаанд ва тобистон ба ҳосил хоҳанд даромад.
Дар суханронии худ Рашид Олимов ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барои ғамхорӣ зоҳир намудан дар парвариши ниҳолҳои зардолу изҳори миннатдорӣ кард. «Дар Тоҷикистон 26 навъи зардолу парвариш карда мешавад ва онро мо чун рамзи дӯстӣ ба мардуми Чин тақдим кардем», - гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки боғи зардолуи Чину Тоҷикистон гувоҳи дӯстии рӯз то рӯз таҳкимёбандаи халқҳои ду кишвар хоҳад гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ донишҷӯёни тоҷики муқими Чин ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Пекин доир ба баҳору дӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста