Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва мушовир оид ба рушди соҳаҳо ва банақшагирии Бонки рушди Осиё Боб Хатсон масъалаи роҳҳои беҳбуди сифати нахи пахта дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Қ.Қосимов изҳор доштааст, ки бо дастгирии молиявии БРО шурӯъ аз оғози соли гузашта Тоҷикистон тадриҷан аз мушаххассозии сифати пахтаи ГОСТ ба
USDA
(меъёри амрикоӣ) мегузарад. Ӯ қайд кард, ки минбаъд сифатнокии нахи пахта аз ҷониби ширкати мустақили маъруфи байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки феълан на ҳамаи корхонаҳои пахтатозакунии кишвар ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд ва масоили кашонидану нигаҳдории нахи пахта низ қаноатбахш нест.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Қ.Қосимов аз намояндаи БРО дархост кардааст, ки аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ ба таъсиси шӯъбаи беҳсозии сифати пахта дар назди вазорат мусоидат карда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста