Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки ба ҳалокату даҳҳо касу осеби ҳазорон нафар боис гардид, ба президенти ин кишвар Мишел Аун барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт”.
“Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам”, - изҳори ҳамдардӣ шудааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки дар пойтахти Лубнон - шаҳри Бейрут рӯзи 4 август дар мавзеи бандар ҳазорҳо тонна селитраи аммиакӣ таркид. Шумори ҳалокшудагон бар асари ин таркиш аз 70 то 100 нафар ва теъдоди осебдидагон наздики 4 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста