Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон кард. Дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Шӯрои сиёсии ҳизб чунин тасмим гирифта шудааст.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ҳамаи аъзои ҳизбро ба риояи интизом ва ба қитъаҳои овоздиҳӣ нарафтан, “ба сурати умум, таҳрими интихоботи президентӣ” даъват мекунад.
Ба ақидаи Зойиров, аввалаш, дар муҳлатҳои зикршудаи Комиссияи марказии интихобот ҷамъоварии 250 ҳазор имзо ғайриимкон аст.
Сабаби дигари таҳрими интихобот, мегӯяд Зойиров, дар он ифода меёбад, ки президент кишвар раиси ҳизб мебошад.
“Далели Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардани ӯ амалан низоми бисёрҳизбиро дар ҷумҳурӣ аз байн бурда, ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил дод”, - иброз дошт ӯ.
Боз як сабаби дигари эълони таҳримро Раҳматилло Зойиров ва аъзои ҳизби ӯ дар соли 2019 қабул шудани қонун дар бораи Комиссияи марказии интихобот дар таҳрири нав мебинанд.
“Мувофиқи ин қонун, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо ба иштирок дар кори комиссияҳои марказӣ ва маҳаллӣ ҳуқуқ надошта, ҳайати онҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳоимияти иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ташкил карда мешавад”, - гуфт раиси ҲСДТ.
Интихоботи президенти Тоҷикитсон рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ таъин шудааст. То имрӯз 5 нафар, аз ҷумла президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.
Қаблан Раҳматилло Зойиров изҳор дошта буд, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуда буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста