Масъулони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, 17 сентябр корзор ё компайни таблиғотии номзадҳои интихоботи президенти Тоҷикистон оғоз мешаванд. Ин Комиссия мегӯяд ҳоло мушаххас нашудааст, ки корзорҳо гуруҳӣ ё ҷудогона баргузор мешаванд, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти ин ниҳод ҳеч монеае барои ҷудогона ё гуруҳӣ баргузор кардани корзорҳо нест.
Соли 2013 корзори таблиғотии номзадҳо дар интихоботи президенти Тоҷикистон ба шакли гуруҳӣ баргузор шуда буд, аммо КМИР мегӯяд, ки агар имсол номзадҳо ва ситоди интихоботияшон хоҳиши ҷудогона баргузор кардани маъракаи таблиғотии худро дошта бошад, аз сӯйи ин Комиссия мушкиле нест.
Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи 11-уми октябр ба мақоми президентӣ мегӯяд, ки корзорашро аз 17-уми сентябр шуруъ мекунад. Ин муддаии курси рақами 1 мегӯяд, ки агар КМИР пешниҳод кунад, ки таблиғот якҷоя гузаронида шавад якҷо мегузаронем, агар гӯянд ҷудогона, ҷудо. Ғаффоров дар суҳбат бо «Азия плюс» гуфт, ки барои «таблиғот маблағи зиёд лозим мешавад, барои роҳпулӣ, хӯрок ва дигар корҳо тақрибан ҳар рӯз 500-600 сомонӣ лозим аст», вале ин номзад аз гуфтани ҳаҷми умумии маблағе, ки ситодаш масраф мекунад худдорӣ кард.
Ҳизби халқи демкоратии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади ин ҳизб аст, мегӯяд корзори интихоботияшро ҷудогона баргузор мекунад. Маҳмадулло Наимов масъули дафтари матбуоти ин ҳизб мегӯяд, «дигар ҳизбҳоро намедонам, аммо ҳизби мо барои таблиғот дар нақша гирифтааст, ки ҷудогона, бо ҷалби одамоҳои шинохта чорабиниҳои табллиғотияшро гузаронад». Ин масъули ҲХДТ мегӯяд, ки намедонам барои як ҳизб аз тарафи КМИР чӣ миқдор маблағ ҷудо шудааст, вале мегӯяд, ки ҲХДТ ба ҷуз ин пуле, ки ҷудо мешавад ҳамчунин аз имконоти соҳибкорон ва ҷонибдорони фаъол ҳам дар маъракаи интихобт истифода хоҳад кард, ки ҳанӯз ҳаҷмаш муайян нест.
Рустам Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихобот мегӯяд онҳо ба ҷуз корзорҳои гуруҳӣ ният доранд, ки ба таври ҷудогона ҳам таблиғот кунанд. Ин номзад ҳарчанд аз масрафоти зиёд дар давраи интихобот суҳбат мекунад, вале гуфт ҳоло мушаххас нашудааст, ки ҳизбаш чӣ миқдор маблағро масраф мекунад.
Ҳарчанд дар тамоми дунё корзорҳои интихоботӣ маъракаҳои серхарҷ дониста мешаванд, вале бино ба таҷрибаи интихобтҳои гузашта, зоҳиран компайнҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон каммасрафтар мегузаранд ва ҳизбҳо аз гуфтани ҳаҷми маблағе, ки дар интихобот масраф мешавад, худдорӣ мекунанд.
Имрӯз, фурсати сабти ном кардани номзадҳо ба мақоми президентии Тоҷикистон ба поён мерасад ва то кунун КМИР 5 номзадро сабти ном кардааст: Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон; Рустам Латифзода аз ҲАТ, Рустам Раҳматзода аз ҲИИТ, Меъроҷ Абдуллоев аз ҲКТ, Абдуҳаллим Ғаффоров номзади сотсиалистҳо.
КМИР то кунун номзадии Саидҷаъфар Усмонзода раиси ҲДТ-ро ба далели мувофиқ набудани аснодаш барои сабти ном рад кардааст. Ҳамчунин номзади ҷавони худпешбар Фаромуз Иргашов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёд дошт, 14-уми сентябр эълон кард, ки танҳо 80 ҳазор имзои ҷонибдоронашро гирд овардааст ва наметавонад дар муҳаллати боқимонда онро пура кунад, ба ин далел аз идомаи рақобт канор меравад.
Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон бо раҳбарии Раҳматилло Зоиров интихоботи 11-уми октябрро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ кард.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста