Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар ин зимн президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба изҳори ақида намуда, дар баробари ин алоқамандии ҷонибҳо ба сатҳи навини ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҳунар ва итилоот таъкид гардид.
Вобаста ба ин Пешвои миллат идомаи таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони Афғонистонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёти он дар қатори самтҳое номбар кард, ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба таври хосса пайгирӣ менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намуданд.
Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа ва оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ мебошад.
Роҷеъ ба ин мавзуот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он қайд намуданд.
Дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.
Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад.
Ҷонибҳо атрофи дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста